Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Malatya °C

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода
REKLAM ALANI
26.05.2023
A+
A-

 

 

 

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода

.2023 , шаҳри Турсунзода

Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Хоҷагии мазкур 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.

Хоҷагӣ соли 2016 ташкил гардида, дар он 8 саҳмдор ба корҳои кишоварзӣ машғуланд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар масоҳати 1,50 гектар замини хоҷагӣ токзор бунёд карда шудааст ва ба хотири истифодаи самараноки ҳар як порча замин, байни қаторҳои ток тарбузи навъи “Холлер” шинонида шудааст. Феълан ин навъи тарбуз нашъунамои хуб дошта, хоҷагидорон аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст оварданианд.

Ҳамчунин дар як гӯшаи замин деҳқонон қаламфури булғорӣ шинонидаанд, ки то 2 тонна маҳсулот ба бор оварда, айни замон ҷамъоварии он оғоз ёфтааст. Дар 5 садяк замини хоҷагӣ помидори навъи “Пемболле”, ки ба иқлим ва обу хоки ин минтақа мувофиқ мебошад, шинонида шудааст ва тибқи интизорӣ ва баҳогузории пешакӣ, аз ин қитъа то 15 тонна помидори аълосифат бояд ҷамъоварӣ карда шавад.

2 садяк замини дигарро аҳли заҳмат барои парвариши бодиринг истифода бурдаанд, ки аз ин қитъа низ тибқи тахминҳо, то 10 тонна бодиринг ба даст оварда мешавад.

Бояд гуфт, ки зироатҳои гуногун дар ин хоҷагӣ асосан бо усули зери плёнка парвариш карда шудаанд. Ҳамасола аҳли заҳмати хоҷагӣ бо роҳандозии ҳамин усул нақши худро дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аълосифату барвақтии кишоварзӣ мегузоранд.

Ба хотири рӯёнидани ҳосил дар тамоми фасли сол ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулот, хоҷагидорон тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 1,50 гектар замин гармхонаи доимоамалкунандаи муосир бунёд намоянд.

 

 

 

 

 

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки аз ин нақша дар масоҳати 60 садяк замин имсол гармхона бунёд гардида, алҳол дар он помидору бодиринг нашъунамои хуб дорад. Хоҷагидорон то кунун 50 тонна маҳсулоти аълосифат ҷамъоварӣ кардаанд ва ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариш додани фаъолияти гармхона ва ба даст овардани ҳосили хуб ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд ва зиёд намудани майдони гармхонаҳоро омили муҳими таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо дар тамоми фасли сол маънидод карданд. Дар ин баробар, хоҷагидоронро муваззаф намуданд, ки ҳар порча замини дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, таҷрибаи рӯёнидани чанд ҳосил аз як заминро хубу оқилона мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд.

Дар назди хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти хоҷагидорони шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо нишондиҳандаҳои соҳавӣ аз наздик шинос гардиданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30728?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.