Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Malatya °C

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
REKLAM ALANI
20.05.2023
A+
A-

 

 

 

 

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

.2023 , Чин

18 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.

Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти якуми сарони давлатҳо дар ҳамоиши сатҳи баланди “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки равобити ду кишвар босуръат рушд карда, намунаи равшани ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ ба хотири сулҳу субот дар минтақа мебошад.

Сарвари давлат аз дастгирии Ҳукумати Чин ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтор, аз қабили тарҳҳои стратегӣ дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва саноат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисоди сабз ва рақамӣ, инфрасохтор, электроэнергетика, сохтмону азнавсозии неругоҳҳои барқии Тоҷикистон ва бунёди хатҳои интиқоли барқро муҳокима намуданд.

Ҷалби технологияи муосир ва истифодаи таҷрибаи Чин дар рушди саноати миллӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, таъсиси ширкатҳои муштарак дар ин самт, иштироки корхонаҳои чинӣ дар ташкили паркҳои саноатӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Вобаста ба ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаи таҷдиди ширкати алюминии тоҷик Талко чораҳои муштараки заруриро амалӣ созанд. Инчунин, барои бо мақсади татбиқи лоиҳаи роҳандозии истеҳсол ва таркиби электромобилҳо дар Тоҷикистон иқдомҳои лозимаро амалӣ намоянд.

Таъкид шуд, ки ҷорӣ намудани технологияи муосири чинӣ доир ба парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, сабзавот ва мева метавонад ба манфиати ҳарду ҷониб кор кунад.

Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон аз пешниҳоди таъсиси долони иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистони Шимолӣ ҷонибдорӣ карда, дар ин росто муҳим мешуморад, ки лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Варшез дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи Қулма-Қарасу ва таҷдиди гузаргоҳи Қулма-Қарасу таҳия ва татбиқ карда шавад. Ин иқдом аз ҷониби роҳбари Чин мусбат арзёбӣ гардид.

 

 

 

 

 

Зимни мулоқот масъалаҳои барқарор кардани хатсайри ҳавоии Душанбе-Пекин, робитаҳо дар самти пешрафти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф ва афзоиши шумораи бурсияҳои таҳсилотии Чин барои Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ҷонибҳо дар чаҳорчуби ҳамкорӣ дар ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, пурзӯр кардани талошҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурданд.

Бинобар вазъияти ноором дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ва зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва суббот, ҷонибҳо густариши ҳарчи зичтари сохторҳои марбутаи тарафайнро дар ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.

Дар рафти мулоқот аснои баррасии масоили глобалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим таъкид гардид.

Дар анҷоми музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Даъват бо хушнудӣ қабул гардид ва таърихи сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад гардид.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30692?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.